Фарзонаи Хуршед - Лола

Сегодня мы предлагаем Вам посмотреть видео Фарзонаи Хуршед - Лола - и насладиться клипами, которые подготовлены нашим сайтом. Известная в Таджикистане, певица Фарзонаи Хуршед, уже на протяжении многих лет радует поклонников новыми клипами.

Се клипи пеш аз “ҳоҷибибӣ” шудани Фарзонаи Хуршед ба бозор мебарояд

Қарор аст, клипҳои Фарзонаи Хуршед, овозхони попи тоҷик дар дискфурӯшиҳо ба савдо барояд.

Диловари Мизроб, продюсери Фарзона гуфт, клипҳои “Лола”, “Ашк” ва “Ёри ниқобӣ” ҳанӯз се моҳи пеш таҳия шуда буданд: “Ин клипҳо қабл аз сафари Хонаи Худо рафтани Фарзона наворбардорӣ шудаанд. Се моҳ пештар дар бораи онҳо хабар дода будем ва ҳам як пораӣ аз ин клипҳо дар интернет нашр ҳам шуда буд”.

Ҷаноби Мизроб, далели таъхир дар фурӯши онҳоро ба студияе рабт дод, ки ҳаққи фурӯши онҳоро дарёфт кардааст. “Студияи “Simo” интизор буд, то клипҳои нави дигар ҳам ҷамъ шавад ва дар як диск онҳоро ба савдо барорад”,-афзуд ӯ.

“Лола”, “Ашк” ва “Ёри ниқобӣ” дар Узбакистон наворбардорӣ ва таҳия шуда, монанди бештари клипҳои дигар Фарзона бо либосҳои аврупоӣ дар онҳо зоҳир мешавад. Баъди сафари ҳаҷ Фарзона ҳеч тарона ё клипе сабт накардааст, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои зиёди ҳиҷобпӯши ӯро дидан мумкин аст. Фарзонаи Хуршед ҳамроҳи аппаҳояш - Шабнаму Бибирӯзигул ва ҷиянаш - Шарифамоҳ охирҳои моҳи сипаришуда ба зиёрати Хонаи Худо рафт.

Похожие клипы Фарзонаи Хуршед
Комментарии